КАМАРБАНДИ КУҲИСТОН

Ман ҳамон сангам, ки аз ҷавфи куҳистон аст,
Ман ҳамон мавҷам, ки меҷунбад ба дарёяш.
Ман ҳамон рангам, ки дар рангинкамони осмонхез аст,
К-он ҳамебандад камар ҳафт осмонро
Бо камарбанди дарози ҳафтранг аз ҳафт ҷояш,
То баҳоронро диҳад ранги наве,
То ки гардунро камар дорад қавӣ.

Зумрае хоҳанд аммо
Тори рангамро кашанд аз парчами рангинкамон,
Мавҷро аз хонаи дарё ҷудо созанд,
Сангро ҳам дур андозанд аз оғӯши кӯҳистон.

Санги олам бар сари эшон!
Чашмҳоям ҳамчу чашми кӯли Искандар пуроб аст,
Гӯйӣ ин толоби сангистон
Андаруни косаи сангини чашм ашки азоб аст.

Ман ки будам асрҳо Хатлону Дарвоз,
Ё Хуҷанду Панҷакент,
Ё Бадахшону Ҳисору Ғарму Файзобод,
То шавам як мулк, як миллат,
Кӯҳҳоро аз камар бо тасмаи водӣ ба ҳам бастам,
То миёни кӯҳу кӯҳистон мабодо бишканад,
То мабодо корвони кӯҳсорон барканад,
То ки чашми чашмаҳояш соф бошад,
Соф чун инсоф бошад.

Лек ҳоло дар ду чашми ман хас афтода-ст,
Об меояд ба чашму чашм мемолам ба даст.

То бубинам, ман ҳамон сангам, ки аз ҷавфи куҳистон аст,
То бубинам, ман ҳамон мавҷам, ки меҷунбад ба дарёяш,
То бубинам, ман ҳамон рангам,
ки дар рангинкамони осмонхез аст,

К-он ҳамебандад камар ҳафт осмонро
Бо камарбанди дарози ҳафтранг аз ҳафт ҷояш…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail