Кӣ хастар мешавад

Миён маҳкам бубаста

Побел мекунад Исо,

Рӯйи курсӣ  нишаста

Гап  мефурӯшад Мӯсо.

 

Дона –дона  мешорад

Арақ аз рӯйи Исо,

Майли ёрӣ надорад

Бо Исо ҳеҷ  Мӯсо.

 

Мӯсо – овораи гап,

Исо овораи кор,

Бигӯ,  кадоми онҳо

Хаста мешавад бисёр?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close