КИШТИ ТАҚДИР

Заминро барзгар танҳо барои худ намекорад,
Барои хештан танҳо намеафшонад ӯ дона.
Агарчи чоши гандум ҳосили ранҷу азоби ӯст,
Дар он хирман вале бошад насиби хешу бегона.

Агар марде зи кӯҳистон ба саҳро мекашад ҷӯе,
Намегӯяд, фақат з-он ҷӯй кишти ман шавад шодоб.
Чу бинад киштаи ҳамсоя мехушкад зи беобӣ,
Дилаш гӯё шавад обу ба чашмаш шаб наояд хоб.

Магар пире ба уммеде ниҳоле сабз месозад,
Ки ҳосил аз дарахти ӯ фақат дар коми ӯ бошад.
Магар танҳо барои хештан май мекашад марде,
Ки дар рӯзи тараб танҳо лаболаб ҷоми ӯ бошад.

Магар танҳо барои хештан кас хона месозад,
Ки дар он дигаре ҳаргиз наёбад ғайри ӯ манзил.
Ғами худ ҳаст ҳар қасро, вале танҳо на баҳри хеш
Занад дил дар сарои синаи ҳар марди соҳибдил.

Ҳазорон сол пеш аз ман дили Ҳомер дар Юнон
Даруни синааш танҳо барои хештан мезад?
Магар он рӯзи Фирдавсӣ халоси хештан меҷуст,
Ки бо гурзи Фаридунаш ба фарқи Аҳриман мезад?

Чу ёдам мерасад аз тангии Юмгон ғами Носир,
Фарохиҳои ин дунё маро бас танг меояд.
Чу мебинам Ҳилолиро ба рӯяш ҷӯйи хун ҷорист,
Маро аз асли яздонии инсон нанг меояд…

Чу бо оби ҷабини хеш мекорам замини хеш,
Ба дунё ҳар чӣ дорам ман, аз ин оби ҷабин дорам.
Агар аз киштаҳои худ ба кас нон метавонам дод,
Бақои ҷовидоне дар Замону дар Замин дорам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail