КИШТИИ ФАРДО

Шаҳр ҳамчун киштие дар рӯи баҳр
Ҷовидонӣ лангар афкандаст дар баҳри ҳаёт.
Пойдевораш на аз оҳан, на аз фӯлод,
Балки аз ҷавонист.
Кӯчаҳои тахтафарши тангу ҳавлангези он
Рост гашта дар баҳои ҷони инсон –
Шоҳроҳи зиндагонист.

Об афзун, хок кам.
Об арзон, хок қимат.
Дар миёни об аммо ҳаст нахлу сабзаю гул
Мерасад бар гӯш ҳам овози булбул –
Ошиқи ҳиҷронзада.
Хонаи чӯбӣ намесӯзад зи оҳаш дар дили шаб,
Баҳр ҳам парво надорад беибо ҷавлон зада.

Аз қубурҳо нафт чун хуни сиёҳ
Мешавад ҷорӣ аз он ки дар бақояш
________________хуни инсон рехта.

Хуни инсон рехта, бо оби баҳр омехта.
Мешавад ҷорӣ ба рагҳои бузурги зиндагонӣ,
То намирад машъали болои қабри он шаҳидон,
Барфурӯзад ҷовидонӣ.

Дидам ин ҷо бар дари ҳар хона печону шукуфон
Ошиқи печон чу ишқи содаи ёрони ҷонӣ.
Моту гум маҳпайкари зебои урён,
Мисли моҳӣ лайсу лағжон,
Дар миёни баҳри нилӯ оббозӣ менамуд,
Ошиқе бинҳода сар бар китфи ёри меҳрубонаш,
Тор мезад, нарму шево месуруд.
Дидам ин ҷо дар шаби маҳтобии афсонавӣ
Бӯсаҳои моҳтобӣ.

Дидам ин ҷо дар миёни мавҷбозиҳои баҳр
Сад парии меҳнатӣ, гулдасти обӣ.
Дидам ин ҷо дар либоси нафтолуди сиёҳ
Чашми меҳрафшону дилҳои сафед.

Дидам ин ҷо гармрӯӣ, меҳрҷӯӣ, дӯстхоҳӣ
Дар миёни ин қадар тӯфону даҳшат
Азми инсони ба дунё боумед.

Лек қабристон надидам…
Оре, оре, ҳаст ин шаҳри ҳаёт!
Хокро ин ҷо паи гӯрондани одам наёранд.
Ҳар куҷо як қитъа хоке ҳаст,
дар он гул бикоранд.

Шаҳр ҳамчун киштие дар баҳри паҳно
Мекунад бар ҷониби Фардо шино.

4.5.1966

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail