КИШВАРИ БАРКАМОЛ

Замин дар сози ҳастӣ ҷилваҳо кард,
Ҳаёти пурнишоте ибтидо кард.

Замон баҳри ту пардози дигар дод,
Ниҳоди дигар, оғози дигар дод.

Ба ҷои милмилак афрӯхт қандил,
Хати барқаш расида то ба сад мил.

Миёни тирамоҳ омад баҳоре,
Баҳори бехазоне, бобароре.

Замин нарму само наздиктар шуд,
Дили одам зи одам баҳравар шуд.

Диёри баркамолам, безаволам,
Чи сон аз ин камоли ту наболам?!

Миёни растхези орзуҳо,
Миёни мадду ҷазри кори дунё,

Миёни тирароҳу тангноҳо
Умеди хайрият бастӣ ба фардо.

Ҳама уммеду армонат раво шуд,
Тамоми норасоиҳо расо шуд…

Замин дорӣ, замон дорӣ ту имрӯз,
Ҷаҳоне дар ҷаҳон дорӣ ту имрӯз.

Суботи кӯҳсорон аст бо ту,
Шукӯҳи меҳри тобон аст бо ту.

Ту з-ин пас ҳеҷ гирди ғам нагардӣ,
Чу ганҷи кӯҳсорат кам нагардӣ.

Ҳаётат ҷовидон зебост, зебо,
Шукуфон асту хандон чун дили мо.

Суруди ёр-ёри тӯи ёрон
Диҳад ғул-ғул зи байни кӯҳсорон.

Фалак гирад, раҳи дилҳо биҷӯяд,
Ҷаҳонро қиссаи тӯи ту гӯяд.

Суруди ту ба кунҷи дил ниҳон нест,
Чу парвози уқобон бенишон нест…

Дар ин айём, мулки нозанинам,
Туро дар субҳи хуршедӣ бубинам.

Дар имрӯзи ту ман оянда ёбам,
Шавам ҳампову ҳамроҳат шитобам.

Чу модар ту бузургу пойдорӣ,
Ки аввал дорию охир надорӣ!

Ба ҷашни 40-солагии Тоҷикистон

1964

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close