КОММУНИСТ

Ман ба васфат аз дилу ҷонам ғазалҳои коммунист,
Эй сазовори ҳазорҳо шӯҳрати шон коммунист.
Пора-пора мекунӣ занҷири зулму бандагӣ,
Медиҳӣ иқболу озодӣ ба инсон коммунист.
Ин ҷаҳони пирро бо ҳимммати пурҳикматат
Мекунӣ аз нав ҷавону чеҳрахандон коммунист.
Мебарӣ дар чӯлҳои ташналаб оби ҳаёт,
Хорзоронро намоӣ боғу бустон коммунист.
То дар олам фош гардад рози дерини фалак
Мекушоӣ роҳи инсонро ба кайҳон коммунист.
Бар Маҳу Мирриху Зӯҳра аз Замини нозанин
Мефиристӣ тӯҳфаҳои илму ирфон коммунист.
Синаи халқи муборизро бо нури орзу
Мекунӣ равшан, туӣ хуршеди тобон коммунист.
Зиндагӣ баҳрест ноорому бар киштии даҳр
Нохудоӣ, эй худои мавҷу тӯфон коммунист.
Қисмати имрӯзу фардои ҷаҳони беканор
Ҳаст андар дасти ту, фарзанди даврон коммунист.
Зинда бошу фатҳ ёбу сӯи мақсад пеш рав!
Ман ба васфат аз дилу ҷон ғазалхон коммунист.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close