Корам зи даври чарх ба сомон намерасад

Корам зи даври чарх ба сомон намерасад,

Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад.

Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон

То обрӯ намеравадам, нон намерасад.

Пайпорае намеканам аз хеҷ устухон,

То сад ҳазор захм ба дандон намерасад.

Серам зи ҷони худ ба дили ростон, вале

Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад.

Аз орзуст гашга гаронбори ғам дилам,

Оваҳ, ки орзуи ман арзон намерасад.

Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд,

Овозае зи Миср ба Канъон намерасад.

Аз ҳашмат аҳли ҷаҳл ба Кайвон расидаанд,

Ҷуз оҳи аҳли фазл ба Кайвон намерасад.

Аз дастбурди ҷаври фалак аҳли фазлро

Ин ғусса бас, ки даст сӯйи ҷон намерасад.

То сад ҳазор хор намерӯяд аз замин,

Аз гулбуне гуле ба гулистон намерасад.

Суфӣ бишӯй занги дили худ ба оби май,

К-аз шустушӯӣ хирқаат ғуфрон намерасад.

Ҳофиз, сабур бош, ки дар рохи ошиқӣ,

Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail