Коргар

Коргар имрӯз дар Норак манам,

Лек фар до сӯи Роғунам равон,

Давлат аз ман, ман азони давлатам,

Ӯ маро, ман ҳастам ӯро посбон.

Ман зи рӯи иктидорӯ ҳимматам

Мекунам обод ҳар вайронаро,

Ташнагонро медиҳам оби ҳаёт

Хона бидҳам мардуми бехонаро.

То шавад ободтар шаҳру деҳот,

Рӯзгори мо равад то боз пеш,

Нури дил-афрӯз меорам ба даст

Гавҳаросо аз дили дарёи хеш.

Давлатам гуфто, ки бандам роҳи Вахш,

Хамчу фарзанди Ватан бастам камар,

Медиҳам гар ваъда меорам ба ҷо

Аз раҳи сидқу вафо чун коргар.

Ранҷ бурда, ганҷ овардам ба каф,

Ҳосилам бахшид бори меҳнатам

Боварӣ дорам, ки рӯзе мешавад

Шарқ равшан аз чароғи меҳнатам!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close