КӮҲ ВА БОД…

Бибаромад ба сайр рӯзе Бод…
Дар раҳаш хору хас, дарахтонро
Гаҳ парешон намуду гоҳ шикаст,
Чанголӯд карда бустонро.
Дод сарбанди худситоиро
Ки:(Маст гардида аз зафарҳояш),
–Ҳар он чӣ дучори ман гардад,
Медарандозамаш ман аз пояш.
Дар ҳаво сарнагун шавад киштӣ,
Гаҳ бароям ба қасди ӯ ногаҳ
Мешавад ғарқ киштии баҳрӣ,
Нашавад гар зи ниятам огаҳ.
Хонаҳо мешаванд бе дару бом,
Гар ҳуҷум оварам ба шаҳру деҳот.
Борҳо ин диловариамро
Сарфарозона кардаам исбот!
Дар ҳамин лаҳза Кӯҳи хорое
Бар сари роҳ омаду истод.
“Гар нахоҳӣ, ки созамат талқон,
Гум шав аз роҳи ман! –садо зад Бод, –
Оташам, раъду барқу алмосам,
Дар даме, ки чун шер хашминам!”…
Кӯҳ хандиду
“Марҳамат, – гуфташ, –
Ҳунаратро нишон бидеҳ бинам!”
Ду шабу рӯз бод пайваста,
Ҳамла бар Кӯҳ кард.
Охири кор, –
Безарар монд Кӯҳи хоро,
Лек
Буд нобуд гашт беосор…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close