ҚУЛЛАҲОИ ЗИЁД ДАР ПЕШАНД

Тай намудем роҳи бисёре,
Раҳи осон набуд мушкил буд
Ҷанг бо кӯҳу дашту обу замин
Даъвати вақту хоҳиши дил буд.
Ҷанг бинмуда пеш мерафтем,
Фатҳ ҳар гаҳ ба о кушод оғӯш,
Қадами мо ба ҳар куҷо, ки расид,
Гашт он ҷо ба бахти мо гулпӯш,
Тай намудем роҳи бисёре…
Лек бегона баҳри мост ғурур,
Қуллаҳои зиёд дар пешанд,
Инчунин роҳҳои дуродур…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close