КӮЛИ КӮҲӢ

Дода ҳарорат ба замин офтоб,

Мекунад азбаски ҳамеша шитоб,

Ташна зи ҳад монда гаҳе нисфи рӯз,

Чашм кунад чор ба як коса об.

 

Кӯҳи сарафрохтаи бениёз,

Кӯли мусаффо ба кафи дасти боз

Дошта, чун косаи оби зулол,

Гӯи ба хуршед намояд дароз.

 

Кӯл сарояд: ба дилам гӯш кун,

Оби мусаффо зи кафам нӯш кун.

Нур бияфшон ба сари ҳар қадам,

Дашту биёбон ҳама гулпӯш кун!

 

Бӯса занад то зи лаби офтоб,

Абри гуҳарбор шавад мавҷи об.

Чун нигарад ташназаминро зи нав

Гашта ба манзил бинамояд шитоб.

 

Дар раҳи хуршед, ки шамшервор

Пора кунад пардаи шабҳои тор,

Ҳар, чӣ ки дорад, ба ду дасти сахӣ,

Кишвари тоҷик намояд нисор.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail