Кулоҳи сар

Маро бар сар кулоҳ аз сояи боли ҳумо беҳтар.

Зи фарши махмалам дар зери паҳлу бурё беҳтар.

Бувад занҷирҳо бар дар зи чини ҷабҳаи ҳоҷиб.

Зи қасри зарнигори шоҳ маъвои гадо беҳтар.

Қади хамгаштаро ҷуз ростӣ набвад мададгоре,

Зи ҳамроҳон туро дар мавсими пирӣ асо беҳтар.

Ба давлатхонаи аҳли карам раҳ нест соилро,

Аз ин дарҳо даҳони шер, коми аждаҳо беҳтар.

Чу мили сурма оҳи синаро дил мекунад равшан,

Ғубори хона, соҳибхонаро аз тӯтиё беҳтар…

Зи оби гавҳари дарёдилон лаб тар намегардад,

Дар ин гулшансароён ташнаро мотамсаро беҳтар.

Ба аҳли фазл ҳаргиз нест дунёҷӯйро коре,

Ба чашми ин хасисон аз зумуррад, каҳрабо беҳтар.

Мурувват, беш аз болонишин, поённишин дорад,

Маро аз гардиши  афлок санги осиё беҳтар.

Суханро нест пеши аҳли дунё, Сайидо, қадре,

Ба ин ноошнотабъон набудан ошно беҳтар.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close