Лаби ширин

Такаллум аз даҳонаш гар зи тангӣ дер мерезад.
Табассум аз лаби ширини ӯ, чун шир, мерезад.
Ба суратхонаи дил шӯхи наққоше, ки ман дорам,
Зи килки хеш ҷон дар қолиби тасвир мерезад.
Дили фулодро аз ҷарби нармӣ мум месозад,
Ба мағзи устухони ман дами шамшер мерезад.
Нагардад во гиреҳ аз риштаи тадбир зоҳидро,
Пайи ин уқдаҳо дандони ин бепир мерезад.
Диҳад гардун ба сад андеша коми тангдастонро,
Аз он шабнам ба кому ғунчаи гул дер мерезад.
Чу Маҷнун, баски бар вайронии манзил саре дорам,
Ба дӯши ман ғубор аз хонаи таъмир мерезад.
Раванд аҳли тамаъ дунболи қотил бос ару гардан,
Агар донанд, ҷавҳар аз дами шамшер мерезад.
Зи зун рангин даҳони муҳтасибро дидаму гуфтам,
Май аз паймонаи ман охир ин бепир мерезад.
Агар Яъҷуҷи даврон нашканад садди Сикандарро,
Тағофул бар дари арбоби ҳиммат қир мерезад.
Намебошад диламро, Сайидо, завқе ба ободӣ,
Маро бар сар ғубори кулфат аз таъмир мерезад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail