Лаби ёр маза мета

Эй бе лаби ту хушк даҳони пиёлаҳо,
В-аз дурии ту ғарқа ба хун доғи лолаҳо.
Хат нест он, ки бар рухи ҷонон дамидааст,
Хубон навиштаанд ба номат рисолаҳо.
Дар базми ишқ рутбаи хурду калон якест,
Тифлон баробаранд дар ҳафтодсолаҳо.
Ин ходимон зи каримон баранд файз,
Гарданд сурхрӯй зи мино пиёлаҳо.
Бар чархи фитнабор намоён ситора нест,
Сӯрохҳост бар бадани ӯ зи нолаҳо.
Танпарварон ба тарбият одам намешаванд,
Беҳуда медиҳанд ба филон наволаҳо.
Набвад маро саре ба ҷавонони хурдсол,
Дасти ман асту домани ҳафтодсолаҳо,
Аз килки Сайидо ҳама ҷо мушкбор шуд,
Гӯё буридаанд ба нофи ғазолаҳо.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close