ЛОЛА БАР НОХУН ҚАЛАМ БИНҲОД БАҲРИ ИМТИҲОН

То қалам шуд сунбули тар дар саводи бӯстон,
Лола бар нохун қалам бинҳод баҳри имтиҳон
Гавҳари назме, ки шабнам баҳри гул иншон намуд,
Булбул азбар карду ҳамчун об мехоҳад равон.
Бед хандон асту дастомӯзи мурғони чаман
В-арна аз баҳри чӣ мағзи писта дорад дар даҳон.
Аз риёзатҳо, ки дар айёми бебаргӣ кашид.
Менамояд дар бадан рагҳо, ки дорад арғувон.
Беҳ шуд охир, к-аз шукуфа марҳами кофур баст,
Шох, ҳар захме ки барр сар дошт аз барги хазон.
Шамсаҳоойи шаҳпари товус нилуфар намуд,
Ҳамчу барги сабзи савсан аз пари тӯтӣ нишон.
Нолаи ҷонсӯзи ӯро ин ҳама таъсир чист,
Оташе гар нест аз хокистар қумрӣ нишон?
Акси нахл аз баҳри ғаввосӣ нагун адр об рафт,
Дар кафи ӯ байза дур гашту садаф шуд ошён.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close