ЛОЛАИ СӮЗОН

Лаби ҷӯ барги зуф зор асту сархам,
Зи хотирҳо бувад қоқу фаромӯш.
Дар ин ҷо навбаҳорон ҳам нагардад
Сияҳгӯше дигар зеби баногӯш.

Нишинад сӯзанак бар рӯйи ҳавзе,
Чу як тайёра дар майдони парвоз.
Гаҳе ҳамчун хаёли мардуми деҳ
Кунад дар гирди худ оҳиста пар боз.

Шукуфад ғунчаи гулҳои худрӯй
Канори чашмаву болои санге.
Бе гесӯ духтари ҳамшаҳрии мо
Ба ҷойи гул занад атри фарангӣ.

Ҷавононро сару савдои шаҳр аст,
Равад аз ёд ин боғи биҳиштӣ.
Ба ёди кӯчиён гӯё бисӯзад
Чу шамъе лолаи урдибиҳиштӣ.
\bj nhb0o0-po,-0po,-pp[.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail