Лучщие рубаи от Омара Хаяма

316
Мо луъбатаконему фалак луъбатбоз,
Аз руи ҳақиқате на аз руи мачоз.
Бозича ҳамекунам бар натъи вучуд,
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
317
Эй марди хирадманд, пагаҳтар бархез,
В-он кудаки хокбезро бингар тез.
Пандаш деҳ гу, ки нарм-нармак мебез,
Мағзи сари Қайқубоду чашми Парвиз.
318
Ин чарх, ки бо касе намегуд роз,
Кушта ба ситам ҳазор Маҳмуду Аез.
Май хур, ки ба кас умри дубора наниҳанд,
В-он кас, ки шуд аз чаҳон намеояд боз.
319
Бо ту харобот ҳамегуям роз,
Беҳ з-он ки ба меҳроб кунам бе ту намоз.
Эй аввалу охири халоиқ ҳама ту,
Хоҳи ту маро бисузу хоҳи бинавоз.
320
Бозе будам парида аз олами роз,
Шояд, ки барам раҳ аз нишеби ба фароз.
Ин чо чу наёфтам касе маҳрами роз,
З-он дар, ки даромадам, бурун рафтам боз.
321
Бар руи гул аз абр ниқоб аст ҳануз,
Дар табъи дилам майли шароб аст ҳануз.
Дар хоб марв, чи чон хоб аст ҳануз?
Чоно, май деҳ, ки офтоб аст ҳануз.
322
Рав бар худу бар холи чаҳон хок андоз,
Чи чои ибодат асту чи чои намоз?
Май мехуру гирди хубруен метоз,
Рафтанд ягон-ягон яке н-омад боз.
323
Соғар пур кун, ки барфгун омад руз,
З-он бода, ки лаъл ҳаст аз уранг омуз.
Бардор ду удрову мачлис афруз,
Як уд бисоз в-он дигар уд бисуз.

324
Кардем дигар шеваи ринди оғоз,
Такбир ҳамезанем бар панч намоз.
Ҳар чо, ки пиёлаест, моро бини,
Гардун чу сурохи суи у карда дароз.
325
Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз,
Гарда гунаҳ аз чеҳра наруфтам ҳаргиз.
Бо ин хама навмед наям аз карамат,
Зеро ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.
326
Лаб бар лаби куза бурдам аз ғояти оз,
То з-у талабам воситаи умри дароз.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт ин роз:
« Умре чу ту будам бо ман соз».
327
Мо ошиқу ошуфтаву мастем имруз,
Дар куи бутон бодпарастем имруз.
Аз ҳастии хештан ба кулли раста,
Пайваста ба даргоҳи аластем имруз.
328
Маъшуқ, ки умраш чу ғамам бод дароз,
Имруз ба нав талатуфе кард оғоз.
Бар чашми ман андохт даме чашму бирафт,
Яъне ки накуи куну дар об андоз.
329
Мепурсиди, ки чи аст ин нақши мачоз?
Гар баргуям ҳақиқаташ ҳаст дароз.
Нақшест падид омада аз дарёе,
В-он гоҳ шуда ба қаръи он дарё боз.
330
Вақти саҳар бихез, эй мояи ноз,
Нармак-нармак бода хуру чанг навоз.
К-инҳо, ки ба чоянд, напоянд басе,
В-онҳо, ки бирафтанд, касе наомад боз.
331
Ё раб, ту чамоли он маҳи меҳрангез,
Оростаи ба сунбули анбарбез.
Пас ҳукм намекуни, ки дар вай манигар,
Ин ҳукм, чунон бувад, ки кач дору марез.
332
Аз ҳодисон замон, з-оянда матаре,
В-аз ҳарчи рассад, чу нест поянда матаре.
Ин як дами нақдро ба ишрат бигзор,
В-аз рафта маяндешу зи оянда матаре.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail