МАДҲИЯИ АҶАЛ

Меситоям маргро!
Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди табиат,
Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди муҳаббат,
Баски дар халлоқият чун модар аст,
Дар назар қонуншикан бошад,
вале қонунгар аст.
Меситоям маргро!
Коҳилонро аз сари раҳ мерабояд,
То ки насли тоза ояд, пешпо нохурда
бар он мурдаҳо,
Ҷониби оянда осон бигзарад.
Меситоям маргро!
Зиндагии тозарӯ меофарад,
Наслҳои тозаҷӯ меоварад.
Маргро беҳуда коҳиш мекунанд,
Барабас аз дасти ӯ фарёду нолиш мекунанд.
Ҷурми ӯ нест!
Ҷурм ҷурми зиндагист!
Зиндагӣ аз рӯзи зодан то ба баъд
Мурдани пай дар пай аст.
Марг бар он нуқтаи таммат гузорад.
Қомати хамгашта аз тазйиқи бори рӯзгор,
Дастҳои раъшадор,
Чашмҳои обрав,
Гӯшони кар,
Узвҳо коҳида, аз ҳам рехта,
Устухонҳо об гашта,
Бандҳо бигсехта,
Сар дигар фикре надорад ғайри мурдан…
Дар ҳамин соат аҷал
Мешитобад зуд бар имдоди мо.
Ӯ фақат дар ин ҷаҳон, ки кай ба доди мо расад,
Мерасад бар доди мо!…
Меситоям маргро!
Кушта наслеро, ки баҳри зиндагонӣ мурдааст,
Насли дигарро музаффар мекунад.
Зиндагониро ҷавонтар мекунад.
Меситоям маргро,
Ки мисоли барфи нав
Оби дарёро мутаҳҳар мекунад.
Зиндагиро мекунад таҷдидҳо,
Кушта моро, мекунад тавлидҳо!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail