МАГАР МАН КАЛОН ШУДАМ А?

Дирӯз руйи  роҳам?
Ҳарон чӣ буд,  дигар буд,
Имрӯз дар нигоҳам
Чаро ҳама дигар шуд?

Чаро саҳар ин қадар
Тозау тар аст имрӯз?
Саҳаре чун ин саҳар
Надидаам то ҳанӯз!

Дига садо медиҳад
Ин саҳар оби  ҷӯбор,
Овози дили маро
Магар мекунам такрор?

Мехоҳам, ки суруде
Хонам чу  оби дарё,
Чун бод пар барорам,
Тай кунам кӯҳу саҳро.

Чаҳ-чаҳ мезанадбул бубул
Лаҳни хуш дорад имрӯз,
Бӯйидани шохи   гул
Баман мефорад имрӯз.

Имрӯз  авалин бор
Дидам ки лола зебост,
Сунбул чу  тори  кокул,
Бобуна чами шаҳлост.

Дидам, ки дар лаби гул
Шаабнам ба ранги холест.
Бо ман пур аст атроф,
Бе манн замини холист…

Дирӯз рӯйи роҳам
Ҳар  он  чӣ буд,  дигар буд,
Имрӯз дар нигоҳам
Чаро ҳама дигар шуд?

Бовар мекунам ман
Акнун ба чашми худам…
Чаро ман  ин қадар шод?
Магар ман калон шудам?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close