БАРОИ МАҲМУДИ ВОҲИД

Агар бераҳбалад бошӣ,
Равон шав қад-қади дарё,
Ба уқёнус рӯзе мерасӣ, эй дӯст.

Агар бераҳбалад бошӣ,
Ба роҳи рост роҳӣ шав,
Ба кӯи дӯст рӯзе мерасӣ, эй дӯст.

Агар бераҳбалад бошӣ,
Зи роҳи шавқи дил раҳ ҷӯ,
Ба кӯи дилбари дилсӯз рӯзе мерасӣ, эй дӯст.

На аз талқини доварҳо,
На аз тақвими ахтарҳо
Бифаҳмӣ рози ҳастирову оламрову одамро…

Агар худро шиносӣ ту,
Агар худро гудозӣ ту,
Агар худро биҷӯиву биёбӣ андар ин дунё,

Биёбӣ ҳар чӣ меҷӯӣ,
Шиносӣ ҳар чӣ нашносӣ,
Расӣ бар ҳар куҷое, ки бихоҳӣ, эй дилогоҳ!..

1971

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close