МАКТАБИ МО

Ба тори кӯҳу бар домони саҳро,
Ба оғуши деҳу шаҳри дилоро,
Ба сӯйи чашмаву рӯди мусаффо,
Ба ҳар ҷое, ки таътил бурд моро,
Ту будӣ ҳамраҳи мо.
Да ме дар подара гулҳо бичидем,
Ба фарқикӯҳ чун оҳу расидем,
Ба рӯйи сабзаи нав хат давидем,
Ба зери бурсу ирғай орамидем,
Туро ҳамроҳ дидем.
Ту ҳарфи авали гуфтор будӣ,
Барори тозае ба кор будӣ,
Ба шодии дилии мо ёр будӣ
Ба ёрӣ доимо тайёри будӣ,
Аҷаб ғумхор буди.
Зи тори кӯҳу аз домони саҳро,
Чу туфле, ки нагардад сер асло
Зи рӯйи шоду меҳри гарми момо,
Ба наздад омадем, оғӯш бикшо,
Аё, эй модари мо,
Мактаби мо.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close