Ман тарки ишқи шоҳиду соғар намекунам

Ман тарки ишқи шоҳиду соғар намекунам,

Сад бор тавба кардаму дигар намекунам.

Боғи биҳишту сояи тубиву қасри ҳур,

Бо хоки кӯйи дӯст баробар намекунам.

Талқини дарси аҳли назар як ишорат аст,

Гуфтам киноятеву мукаррар намекунам.

Ҳаргиз намешавад зи сари худ хабар маро,

То дар миёни майкада сар бар намекунам.

Носеҳ ба таън гуфт, ки рав тарки ишқ кун,

Мӯҳтоҷи ҷанг нест бародар, намекунам.

Ин тақвиям тамом, ки бо шоҳидони шаҳр

Нозу карашма бар сари минбар намекунам.

Ҳофиз, ҷаноби пири муғон ҷойи давлат аст,

Ман тарки хокбӯсии ин дар намекунам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail