МАН ҶАВОНАМ…

Ман давоми рӯзгори рафтагонам,
Ман нишони одамони бенишонам.
Ман ба ҳар як аскари азёдрафта
Ёдгори бегазанди ҷовидонам.
Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

Рӯҳбахши ҷумлаи маҷрӯҳҳоям,
Ман ба ҳар гумном орам номи нав.
Ман ба ҳар як модари чашминтизор
Орам аз фарзанди ӯ пайғоми нав.

Мурдаҳо бо орзуҳои дигар
Зинда мегарданд дар симои ман.
Рӯзи ҷашну сур, рӯзи тантана
Медиҳанд овоз дар овои ман.

Ишқи новарзидаи ҳар ноумед
Дар барори ишқи ман ёбад барор.
Номаи нанвиштаи ҳар номурод,
Бо суруди ман расад бар дасти ёр.

Баҳри ҳар гумроҳ ман пайроҳаям,
Пайраҳи дилёбиву номусу ном.
Кош умрам ҳамчу байте зам шавад
Дар давоми шеърҳои нотамом…

Бо умеду эътимод аҷдоди ман,
(Он даме, к-аз даҳр реҳлат кардаанд)
Ин Ватан, ин осмону ин замин
Ҷумла баҳри ман васият кардаанд.

Ман давоми рӯзгори рафтагонам,
Посдори хотири қурбониёнам,
Хома андар даст бар ҷои камон
Посбони зиндагонию замонам,
Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавонам!

1968

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail