Ман туро дуст медорам чон

Ман ӯро мешиносам.
Китоби ҳастии ӯро нахонда,
Ба ҳаққи ӯ чӣ мебофед тӯҳматҳою бӯҳтонҳо?
Агар донед, к-ӯ ҳам
Як дили пурорзу дорад,
Ҳамеша ҷустуҷӯ дорад,
Намехондед ҳазёнҳо!

Ман ӯро мешиносам.
Ба назди мардум аз мардӣ
Ҳамехандад ҳамеша, гар сарафроз асту
гар сарпаст.

Вале дар хилвати шабҳо,
Миёни оташи табҳо,
Газида аз ғазаб лабҳо
Чӣ кӯдаквор мегиряд.

Агар донад, ки мебинад касе
Намегиряд, ки ин айб аст.
Гуноҳи худ, бади худро
Бигӯяд бо забони ҳол,
Намегӯяд, ки мегӯянд мардум номи ӯ Маҷнун.

Бигӯяд гар ту ёри ман,
Ва ё ки ғамгусори ман,
Ва ё асрордори ман,
Маро гар дӯст медорӣ, сагамро ҳам
навозиш кун!

Чӣ ранҷонед, эй мардум,
Чунин як тифли маъсумро?
Гузоредаш, кунад дар ҳар куҷо бечорагияшро.
Гараш бори гарон омад,

Гараш бими хазон омад,
Гараш аз содарасмӣ қисмати
номеҳрубон омад,
Маяфшоред,

Маковедаш, ки созад бахти худ пайдо!
Ман ӯро мешиносам,
Надорад хандаи шайтон.
Ба шаънаш кам бипардозед з-ин пас
тӯҳмату бӯҳтон!

3.5.1965

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail