Маънои зиндаги чист?

Дидаи чарх ба золим нигарон хоҳад буд,
Тирро гӯшаи абрӯ зи камон хоҳад буд.
Қисмати беҳудагӯ дар ҳама ҷо рӯзравост,
Аз сафар суди ҷарас оҳу фиғон хоҳад буд.
Моли ғоратзада аз ҳокими деҳ бояд ҷуст,
Гургро нест гунаҳ ҷурми шубон хоҳад буд.
Соғару шиша зи меҳмонии ғам сер шуданд,
Хонаи аҳли карам аз дигарон хоҳад буд…
Ботину зоҳири ушшоқ чу гул якранг аст,
Ҳар чӣ бошад ба дили мо ба забон хоҳад буд,
Қасри давлат, ки ба ӯ халқ биное доранд,
Чун хубобест, ки бар об равон хоҳад буд…
Ҳар кӣ чун ғунчаи гул киса пур аз зар дорад,
Тугмаи тоҷи сари аҳли ҷаҳон хоҳад буд.
Риштаи то гашт мурассаъ зи гуҳар донистам,
Чарх дар тарбияти беҳунарон хоҳад буд.
Нашаванд аҳли тамаъ дур зи атрофи танӯр,
Ба умеде, ки дару сурати нон хоҳад буд,
Сайидо, даҳр ба навкиса накӯ пардозад,
Майли пирон ба муридон ба ҷавон хоҳад буд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close