МАНУ ИН ОСМОНИ ТОЗУРӮ…

Ману ин осмони тозарӯ ҳамрангу ҳамсонем,
Гаҳе абриву гаҳ беабру ниливу дурахшонем,
Ки аз меҳри ту хандонем,
Ки аз ҳаҷри ту гирёнем.

Ману ин рӯди кӯҳистон, ки найсонҳо шавад саршор,
Зимистонҳо шавад аммо камобу хурд чун ҷӯбор,
Зи меҳри ту дамем аз худ,
Зи ҳаҷри ту камем аз худ.

Ману ин кӯҳсорон бо ту сабзу кони ганҷ астем
Ва бе ту санги сардему тиҳиқалбу тиҳидастем.
Аҷаб зору низор астем,
Гаронсанши мазор астем.

Ману ин мурғакон,
К-аз нағмаҳои тоза саршорем,
Зи шаб то субҳ аз шавқат наво дорему бедорем,
Даме бе ту намехонем,
Навоеро намедонем.

Ману ин сабзаҳо сабзем дар зери қадамҳоят,
Ки сабзу тозарӯ бошад ба мисли ту қадамҷоят,
Агар ойӣ, ҷавон астем
В-агар н-ойӣ, хазон астем.

Ту бар гардуну рӯду сабзаву мурғон назар дорӣ,
Ту аз ин рози эъҷозе, ки меҷӯям хабар дорӣ?
Ман аз ин сир хабар дорам
В-аз гуфтан хатар дорам,
Ки бо сад ҷон
Зи ҷонат дӯсттар дорам.

***
Шеър баски нест ҳаргиз ҷамъ ё ҷанги сухан,
Зинда бошад шоире ки мирад аз нанги сухан.
Хотире аз пеши худ рангинсухан кай оварад,
Баски рангомезии даврон бувад ранги сухан .
Нуктадонро ҳоҷати шарҳу баёни беш нест,
Вазъи давронро шиносад ӯ зи оҳанги сухан.
Гар набошад эмин оҳан аз табаҳкории занг,
Ҷони одамро хурад то мунтаҳо занги сухан.
Тангрӯзу тангмайдон нест он шоир ба даҳр,
Гар фарохӣ ёбад ӯ аз хиттаи танги сухан.
Он сухангӯро набошад ҳоҷате бар санги гӯр,
Санги гӯрашро бимонад гар худ аз санги сухан.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail