МАНУ ТУ

Дар ҷаҳон гӯшаю каноре нест,
Ки надонанд номи Ленинро.
Одаме бошууру солим нест,
Ки надонад каломи Ленинро.
Аз китобаш муборизони ҳаёт
Машъали роҳи хеш меҷӯянд!
Дар диёрам зи ҳар касе пурсӣ
“Кист Ленин?”
“Ману ту!” – мегӯянд.
Ману ту Ленинему мефахрем,
Ки сазовори номи ӯ ҳастем,
Дар ҷаҳони бузург мо масъул
Баҳри кору мароми ӯ ҳастем!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close