МАНЗАРАИ БАҲОР

Саҳар аз хоб бархезу биё як бор чаманро бин,
Гули садбаргро як сӯ, дигар сӯ, он суманро бин.
Ту аз беғи биҳишту қиссаи Ҳурон хабар дорӣ,
Ба чашми хеш арӯсони табассум дар даҳанро бин.
Ҳаво хушбуву мушкомез зи мӯи лоларӯён аст,
Даруни хаймаҳои боғ халоиқ анҷуманро бин.
Агар хоҳӣ назар андоз ба саҳроҳои дуродур,
Зи лола пираҳан дар бар ҳамон дашту даманро бин.
Шифои заҳмати бемор садои обшорон аст,
Талотумҳои дарёву ба ҳар санг сар заданро бин.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail