МАҚБАРА Ё МАСХАРА

Дар маснади баҳор, дар афрози гулдара
Бо «сабки ҳозира»
Номурда,
аз барои худ афрохтӣ баланд
Бемисл мақбара…
Оваҳ, чӣ манзара!
Номурда,
хешро намиранда сохтӣ,
Бо фахру ноз мадфани арзанда сохтӣ,
Фиръавнҳои Мисрро шарманда сохтӣ!
Ҳушаш зи сар парад
ҳар кас, ки бингарад,
Баҳ, баҳ, чӣ кунгура!
Аммо чӣ масхара!
Холӣ даруни ӯст ба сони даруни ту,
Дар тоқҳош анкабут анфаст метанад.
Танг аст чун фазои ҷаҳони кунуни ту…
Гӯё ба чашми ту –
бар чашми шишаҳош
Санги маломат афканад ҳар кас, ки бигзарад.
Аз дурдаст чашми ту медид ҳар саҳар
Дар синаи дара
Дар ҷои якбара
Он маъбади сара.
Гӯё даре кушода буд бар мулки ҷовидон
Баҳри ту, эй «паямбари фардои мардумон».
Аммо яке кушуда шуд дар рӯ ба рӯи ту
Дарвозае фарохтар аз ҳирсу ози ту,
Шуд ҳалқаҳош тангтар андар гулӯи ту.
Акнун ба ёд оварӣ чун бо ҳама ғурур
Аз минбари баланд,
аз номи кунгура
Бо содагони хештаннашноси бефара
Мекардӣ машвара…
Акнун назора мекунӣ бар сӯи мақбара
Аз пушти панҷара…
Баҳ, баҳ, чӣ манзара!!!
10.11.1988

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail