МАРДЕ АЗ БАЛКОН…

Марде аз балкон саҳарҳо мекунад фарёд,
Марде аз балкон писарро мекунад фарёд.
Ӯ басо маъюсу маҳзун мекунад фарёд,
Як вуҷуди решу дилхун мекунад фарёд.

Мешавад дар шаҳри сангин пахш овозаш,
Хонаҳову кӯчаҳои сангӣ аммо нашнавад розаш.
Баччааш дар кӯча бозӣ мекунад дилшод,
Ӯ падарро нашнавад, —
Ӯ нашнавад фарёд.

Мерасад ҳар дам ба гӯши ҷонам ин овоз,
Бигзарад ҳар бор аз сутхонам ин овоз.
Мо ба ӯ ҳамсояву ҳамҷон шавем акнун,
Мо ба дарди ҳамдигар дармон шавем акнун.

Ӯ вале танҳост,
Биншинад тани танҳо,
Рӯйи ҳавли дуртар аз сӯҳбати занҳо.
Гӯиё мегӯяд ӯ дилгир:
Ҳамсари ман нестед,
охир,
рӯзи сахтам дар сари ман нестед,
охир.
Бар ҳаво сар медиҳад ӯ дуди сигораш,
Ҳамчунон дарду ғубори ҷони афгораш.
Дуд гирдаш ҳалқа андар ҳалқа мепечад,
Гардани хамгаштааш дар ҳалқа мепечад.

Кас намедонад чаро рафта зани ин мард,
Дар сари пирӣ насибаш шуд
чаро ин дард…

Мерасад дар гӯши ман шому саҳар фарёд,
Мекашад ҳамсоя дар пиронасар фарёд-
Кӯдакашро мекунад ӯ аз ҷигар фарёд.

Дарди ҷони ӯ ба ин овоз омезад,
Аз забонаш гарчи як фарёд мехезад-
Мекунад фарёдҳо буду шудашро ӯ,
Ҳам писарро,
Ҳам занашро,
Ҳам худашро ӯ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail