МАРДИ БУЗУРГ

Ҳар чӣ ҳастам, боз гӯё холиям,
Бо ҳамон умру ба пиронсолиям.
Худ ба худ ташвиш бар бишкистанам,
Ман кунун чун шишаҳои холиям.
Дар талоши зиндагонӣ сӯхтам,
Ҳамчуноне ки пахоли шолиям.
Дар шиносоӣ маро осон бибин,
Чунки ман оинасонем холиям.
Бо ҳама пасту баланди рӯзгор
Булҳавас нею ба табъи олиям.
Зиндагӣ мард аст бо марди бузург,
Фахри ман бошад зи фаррухфолиям.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close