МАРДИ ЗИНДАГӢ

Эҳдо ба ҳамсарам Муҳаммадрасул

Эй марди зиндагӣ,
Эй ҳамнасиби ман.
Эй меҳри ҷовидон,
Ишқи наҷиби ман.

Роҳи вафо дилам
Ҷӯяд барои ту.
Чашмони ман сухан
Гӯяд барои ту.

Меҷӯшад аз ҳавас
Ҷайҳуни ишқи ман.
Лабташнаи туям,
Сайҳуни ишқи ман.

Ту дар таронаам
Сози муҳаббатӣ.
Дар дидагони ман
Нози муҳаббатӣ.

Ҷонам фидои ту,
Эй кадхудои ман.
Эй шодии дилам,
Эй ғамзудои ман.

Буду набуди худ
Бахшам барои ту.
Шаб чун ситорае
Рахшам барои ту.

Дар зери осмон,
Эй қиблагоҳи ман,
Гӯям сипоси ту,
Пушту паноҳи ман!

Дамсозу ҳамдамам,
Ҳамрози ишқи ман,
Эй дар баҳори дил,
Гулбози ишқи ман!

Хуршеди хонаам,
Равшан ҳамеша бод!
Як умр меҳрубон,
Бо ман ҳамеша бод!

Ту обу оташӣ
Андар сиришти ман.
Ту бахтномаӣ
Дар сарнавишти ман.

Дилдори ман, биё,
Дилхоҳи ман туӣ.
Дар ишқи ҷовидон
Ҳамроҳи ман туӣ.

Ишқи туро ба дил
Парвардаам ниҳон,
То ки кунам туро
Хушбахт дар ҷаҳон!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close