Мардуми дидаи мо чуз ба рухат нозир нест

Мардуми дидаи мо чуз ба рухат нозир нест,

Дили саргаштаи мо ғайри туро зокир нест.

Ашкам эҳроми тавофи ҳарамат мебандад,

Гарчи аз хуни дили реш даме тоҳир нест.

Бастаи дому қафас бод чу мурғи ваҳшӣ,

Тоири сидра агар дар талабат тоир нест.

Ошиқи муфлис агар, қалби дилаш кард нисор

Макунаш айб, ки бар нақди равон қодир нест

Оқибат даст бад-он сарви баландаш бирасад,

Ҳар киро дар талабад ҳиммати ӯ қосир нест.

Аз равонбахшии Исо назанам дам ҳаргиз,

3-он, ки дар рӯҳфазоӣ чу лабат моҳир нест.

Ман, ки дар оташи савдои ту оҳе назанам,

Кай тавон гуфт, ки бар доғ дилам собир нест.

Рӯзи аввал, ки сари зулфи ту дидам, гуфтам,

Ки парешонии ин силсиларо охир нест.

Сари пайванди ту танҳо на дили Ҳофизрост,

«Кист он, к-аш сари пайванди ту дар хотир не.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail