МАРСИЯИ ҶАМШЕД

Дар сӯгвории пизишки ҷавон Ҷамшед
Осимӣ, ки аз тири қотилон кушта шуд
ва дар таслияти қиблагоҳи ӯ донишман-
ди покнасаб Аслиддин Осимӣ, ки бар бан-
да зиёда ҳаққи бародарӣ доранд.
Куштандат, о ҷону ҷигар, эй ҷашну суру
иди ман,
Куштандат, о нури басар, эй бар замон
тамҳиди ман,
Эй фахри ман дар зиндагӣ аз диду
аз нодиди ман,
Хоки ду олам бар сарам, бар ин сари
испеди ман.
Куштандат, о Ҷамшеди ман,
Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман,
хуршеди ман.
На хотире ранҷондаӣ, на бар касе бад кардаӣ,
На ҳаққи мардум хурдаӣ, на моли мардум бурдаӣ,
Ҳатто дили як мӯрро н-афсурдаӣ, н-озурдаӣ,
Бояд бимиранд ин сагон, боре чаро ту мурдаӣ?
Куштандат, о Ҷамшеди ман,
Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман,
хуршеди ман.
Қуте агар ҳам хурдаӣ, ғамҳои мардум будааст,
Дарду ғами имрӯзаву фардои мардум будааст,
Дар синаи дардошноят ҷои мардум будааст,
Чун ҳафт пуштат аз азал малҷои мардум будааст.
Куштандат, о Ҷамшеди ман,
Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман,
хуршеди ман.
Будӣ табиби покҷон байни ғубору гардҳо,
Будӣ табиби содадил бар кулли гарму сардҳо,
Будӣ табиби мардҳо, номардҳо ё мардҳо?…
Будӣ табиби мардҳо! Куштандат ин номардҳо…
Куштандат, о Ҷамшеди ман,
Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман,
хуршеди ман.
Тире, ки зад бар синаат,
бар мағзи ҷони ман расид,
Тире, ки зад бар синаат,
бар синаи меҳан расид,
Зеро камон бар қабзаи бедонишу
бефан расид,
Зеро камон андохтан бар зумраи
кавдан расид.
Куштандат, о Ҷамшеди ман,
Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман,
хуршеди ман.
Ёраб, ту огоҳӣ аз ин пешомади ногоҳи ман,
Ёраб, бубин ҳоли ману ин қабзаи кӯтоҳи ман,
Ёраб, шунав рӯзу шабон ин нолаи
ҷонкоҳи ман, –
Бар синаи қотил бизан шамшеру
тири оҳи ман!
Куштандат, о Ҷамшеди ман,
Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман,
хуршеди ман!
3.2.1994

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail