МАЪШУҚА

Дасти худ пайванд бо дастат кунад,
Бо нигоҳи оташин мастат кунад.
Сар ба рӯи синааш монӣ даме
Бо ҷаҳони бахт пайвастат кунад.

Як нафас олам дар оғӯшат шавад
Заҳри қотил он нафас нӯшат шавад.
Ҳалқа созад дасти худ бар гарданат,
Одаму олам фаромӯшат шавад.

Дилработар нози ӯ аз рӯи ӯ
Сӯзи ӯ хуштар зи рангу бӯи ӯ.
Офтоб ӯ, ту – гули афтобдӯст –
Рӯи худ гардонӣ доим сӯи ӯ.

Ошиқӣ гар ёбӣ дунёи наве,
Аз вуҷуди хештан розӣ шавӣ.
Бо муҳаббат бинӣ кам ҷои фузун,
Аз сарои даҳр беармон равӣ.

Чун замин пасту баланд аст ишқ ҳам,
Ошиқӣ роҳест пур аз печухам.
Медиҳад он чӣ нагунҷад дар хаёл,
Мебарад аз ту ба ғайри оҳу ғам.

Гар ту ёрӣ – ёр ёрӣ мекунад,
Ҷонфишонӣ, ғамгусорӣ мекунад.
Дар бадал бо ту нагирад оламе,
Бо ту сарфи рӯзгоре мекунад.

Бо ҳамон шарте, ки бар қадраш расӣ,
Покбозу покҷӯ бошӣ басе.
Ишқро гаҳвораю тобути худ
Хонию миннат наорӣ бар касе…

17.4.1964

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close