МАСЛИҲАТИ МЕДОДАМЕ

Гар ба ишқат манн саропо ҷони худ медодаме,
Чун барои васли ту имони худ мечидаме,
Сад гулат аз мазраи армони худ медодаме.
Ошиқонро маслиҳат ҳамсони худ медодаме.
Гар нагирад ҳам бароре кори ман дар ишқи ту,
Ман тасалло бар дили пазмони худ медодаме.
Рӯзу шад ба ёди ту бигзашт умрам бар абас,
Бар ту шеъру дафтару девони худ медодаме.
Шод бошу шод зӣ, Мирзо Ғафур, дар ин ҷаҳон,
Он санамро кошкӣ ман хони худ медодаме.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail