МАВЛУДИ ШЕЪР

Сӯзи дили ошуфтаам
Сӯзони сӯзон мешавад.
Дар дида рози хуфтаам
Ногаҳ фурӯзон мешавад.

Дар синаи хуншори ман
Саршор мегардад алам.
Дар дафтари ашъори ман
Шеъри нав ояд бар қалам.

Рози ниҳони хешро
Ифшо ба дунё мекунам.
Рози ҷаҳони хешро
Иншо ба фардо мекунам.

Афсус дамад ҳарфи умед.
Дар номаи афсонаам.
Якбора аз бахти сафед
Равшан шавад кошонаам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close