Мавсими баҳор

Омад баҳору равнақи гулҳои боғ ку?
Бар сабзаҳо таровату бар лола доғ ку?
Мурғон кашидаанд сари худ ба зери бол,
Бар сайри боғ булбули моро димоғ ку?
Ах қумриён ба гӯш садое намерасад,
Фарёди андалебу навоҳои зоғ ку?
Эй боғбон, чаро ба чаман по намениҳӣ,
Хоре, ки буд бабр сари девори боғ ку?
Ҷуз як нафас нишоти ҷаҳонро мадор нест,
Парвона рафт, субҳ дамиду чароғ ку?
Эй гулфурӯш, ғунчасифат гаштаӣ хамӯш!
Гул кард захми хору забони суроғ ку?
Беҳуда, Сайидо, чӣ кашӣ миннат аз табиб,
Имрӯз марҳаме, ки хӯрад хуни зоғ ку?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close