Майдони Озодӣ

(Ба мухолифони демократия)

Шумо ҷазираед,
Ки хуни шаҳидони баҳманмоҳ,
Ҷазираатон карда,
Ҷазираи нафрат,
Ҷазираатон карда.

Шумо сазоворед
Ба сангсори ҳақорат,
Ба мушти “истеъфо”.

Шумо ҷазираед,
Ҷудо зи қитъаи миллат,
Ҷудо зи қисмати миллат.
Шумо куҷову қораи тоҷик
Шумо куҷову қавораи тоҷик.

Хушо, ки халқ мекӯчад
Ба чониби майдони Озодӣ.
Ба шеъри Ҳазрати Иқбол
Мезанад фол,
Мезанад чодар,
Шояд барои чандин рӯз,
Шояд барои чандин моҳ.

Майдони Озодӣ
Ҷои дуову омин аст.
Ҷои таҳорати зоҳир.
Ҷои таҳорати ботин.
Ба ашки очаи Рустам – шаҳиди баҳманмоҳ,
Ҳазор бор қасам!
Ба ашки модари Аҳмад — шаҳиди баҳманмоҳ,
Ҳазор бор қасам!
Ба хуни Аъзами наврас — шаҳиди баҳманмоҳ,
Ҳазор бор қасам!
Ба хуни Абдусалим,
Ба хуни Маҳмадҷон,
Ба хуни Қобилҷон,
Ба хуни бистучаҳорум шаҳиди баҳманмоҳ,
Ҳазор бор қасам!

Ки Майдони Озодӣ
Намешавад баста,
Намешавад хаста,
Намешавад пароканда!

1992

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close