МЕҲР ВА ЗАР

Доништалабам, на каси нодор, на доро,
Танҳо паи мақсуд ба уммед равонам.
Аз он чи муяссар шуда аз давлати дунё,
Дар даст маро ҳаст фақат як чамадонам.

Таҳсил ба донишкада хуб аст, гуворост,
Ёрон ба дили якдигарӣ ғам нагузоранд.
Ин ҷо на касе ҳорису не дар ғами дунёст,
Ишқ аст, ҷавонист, азизаш бишуморанд.

Аммо мани то ҳол ғами ишқ надида
Дилбохтаву волаву шайдои ту гаштам.
Дар роҳи ту аз ҳамсабақон дурӣ кашида,
Парвонасифат аз қаду болои ту гаштам.

Ҳайҳот, назар кардӣ ба хоки қади роҳат,
Аммо ба мани дилшуда нанмудӣ нигоҳе.
Гуфтӣ, ки туро нест на ганҷеву на сарват,
Бо оби худодод магар зиндагӣ хоҳӣ?

Гуфтӣ, ки аҷиб аст, туро хонаву дар нест,
Оё бувадат боми само боми иморат?
Гуфтӣ, ки пули якмаҳаат қимати тоқист,
Бо чукрӣ магар умр барӣ, умри бароҳат?

Воқиф нашуда аз дилам, эй ёр, ки дар он
Ишқ аст, умед аст, талош аст, субот аст,
Пиндоштиям бекасу бе ганҷи фаровон,
Пиндоштиям оҷизу помоли ҳаёт аст.

Гар дар назарат, ёр, манам донаи гӯгирд,
Шояд, ки шавам машъала баҳри каси раҳгум.
Дар қадр манам пораи ангишт, умедам:
Оташ шаваму гарм кунам хонаи мардум.

Сад сол агар сӯзаму созам, ғазаби умр
Аз арчаи меҳрам набарад барги хазонро.
Меҳр аст маро бозуи зӯру сабаби умр
Гар даргузарам ҳам, бубарам бо худам онро.

Соҳиб набурад нахли ҷавонро чу бараш нест,
Уммед аз он, ки бидиҳад соли дигар бор.
Аз чист, аё ёр, бигуфтӣ, ки зараш нест,
Чун нест ба ҷуз ишқ дигар давлати подор?!

1961

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close