Меҳри гиёҳи

Ба даври моҳи рухсорат дучандон гашт оҳи ман,
Шуд охир донаи холи лабат меҳри гиёҳи ман.
Маро тоқи ду абрӯйи ту меҳроби дуо бошад,
Магардон рӯи аз ман Каъбаи ман, қиблагоҳи ман.
Мани бехонумон ғайр аз ту арзи дил киро гӯям?
Ту ҳам мириву ҳам султониву ҳам подшоҳи ман.
Маро чун гирдбод охир биёбонмарг хоҳӣ кард,
Нагори ман, қаландармашраби ман, каҷкулоҳи ман.
Ба ҳар ҷо қасди рафтан мекунам, пеши ту меоям,
Фалак сӯйи ту во кардаст аз ҳар кӯча роҳи ман.
Диламро гаҳ дар обу гаҳ дар оташ мезанад чашмат,
Ба дасти золиме афтода тифли бегуноҳи ман.
Ҳадаф аз шасти софи қодирандозон ҳазар дорад,
Битарс, эй ҷангҷӯ, ҳангоми субҳ аз тири оҳи ман.
Забонат дар даҳон чун мағзи бодом аст дар шаккар,
Бувад холи лабат, эй рашки гул, қанди сиёҳи ман.
Табибо, бар сари болинам аз баҳри чӣ меойӣ?
Тавон фаҳмид ҳоли зорам аз набзи нигоҳи ман.
Зи кунҷи хонаи худ, Сайидо, берун намеоям,
Мабодо пай барад ағёр аз ҳоли табоҳи ман.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail