МЕҲРИ НИГОР

Биё, ҷон, биё, ҷонон, баҳор аст,
Таманнои ҳама меҳри нигор аст.
Бибин, имрӯз дар домони саҳро
Гули себаргаву қоқу қатор аст.

Биё, ҷоно, ба мо авҷу барор аст,
Аҷоиб фасли зебои баҳор аст.
Таманнои дили бечарои мо,
Ки ин бо хоҳиши Парвардгор аст.

Биё, эй гулрухи ман, гул ба доман,
Туро, мон, дасти манн бошад ба гардан.
Бибӯидат туро аз шавқ, гӯям,
Чи хубест ҳолате, ки ҳаст бо манн.

Табиатро ба худ ҳамроз созем,,
Ба майли хоҳиши дилҳо навозем.
Биё, аз боҳамӣ ба ҳам бинозем,
Биё, шодӣ кунему сар фарозем.

Ба баҳди гул, дар оғуши табиат,
Наёбад насоз ҳарфе рақибат.
Юишав фориғ ту аз дарду ғам, эй, ҷон,
Бувад Мирзо табибу ҳам ҳабибат.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail