МЕҲРУБОНИҲО КУНЕМ

Эй азизон, ҷамъ оем, укдаҳоро во кунем,
Меҳроҳоро боз нав дар дили худ ҷо кунем.
Суҳбатороӣ кунему маҳфилороӣ кунем,
Ҳамдигарро марҳабо гӯему мастиҳо кунем.

Беғраз аз суҳбати ҷонон дилороӣ кунем.
Аҳду паймон баста бо ҳам меҳрубониҳо кунем.
То шавад розӣ зи мо як лаҳзае ҷонони мо,
Боз бо ҳам ҷамъ оему ҷовоҳои кунем.

Чун ҳамоему мову ту фақат боре ба даҳр,
Киштиии мо меравад як бор аз мобайни баҳр.
Ҳосили ин зиндагонӣ бас моро ҳеҷ нест,
Эй бародар, ҳеҷ маъное надорад ҷангу каҳр.

Ёди суҳбатҳои пешин мекунад ҷонони мо,
Ҷовидон бошад ҳаме дар зиндагӣ паймони мо.
Дар ҷаҳонмардона зистанд парди Мирзои Ғафур,
Эй бародар, то ки бошӣ дорую дармони мо.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail