МЕҒ

Аз хобу хобу хобу хоб

Дилгир шуд бисёр меғ,

Чун баст  чашми офтоб,

Пӯшид чун рӯйи ситеғ.

 

Як ҳафта  меғ ашке фишонд,

Як ҳафта нам бо гул нишаста,

Як ҳафта  гул аз ханда монд,

Як ҳафта ғам бо гул нишаста.

 

Як ҳафта  тар шуд бо бому дар,

Як ҳафта  ҳафлӣ нам кашид,

Заҳ шуд ҳама  роҳи гузар,

Монд аз ҷило оби сафед.

 

Меғ аз нишаста хаста шуд,

Аз  сабза шустан хаста шуд,

Зиқ аз нигоҳи баста шуд,

Ғун шуд яке,

Як даста шуд.

 

Рафт аз дара меғи лаванд,

Бишкуфт гул, тобид об,

То одамон шодӣ кунанд,

Хандон баромад офтоб .

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close