МЕРОС

Деҳаи мо сабз буд дар пойи кӯҳ,
То варо созанд дигар,
Аввалаш карданд хокистар.

Боз он тире, ки бояд бар тани бобом мерафт,
Аз хато бархӯрд ба кӯҳ,
Пай бишуд дар санг пайдо.

Гар шумо аз санги мармаркӯҳ
Қасри олишон бисозед,
Ҳамчу нақши гул нигаҳ доред он пайро.

Боз тире буд, ки бар ҷисми падарҳо
Бесадо чун бар ҷуволи каҳ фурӯ мерафт.

Бар ман аз бобои ман мерос монд
Тори он кӯҳе, ки ҳангоми париданҳои тир
Буд чашмаш сӯйи он.

Ҳар шаб акнун хоб мебинам, ки ман
Мепарам аз тори кӯҳ,
То тори кӯҳ,
То тори кӯҳ.
То ба гӯшам мерасад афсонаи бибӣ:

— Гар аз ин кӯҳи фалаксо бигзарӣ,
Пеш меояд туро кӯҳи баланди дигаре
Дар раҳи ту ҳамчу банди дигаре.

Мақсади ту ҳаст пинҳон
Пушти он кӯҳи дигар,
Пушти он кӯхӣ дигар,
Пушти он кӯхӣ дигар…

То ки дорӣ як нафас аз умр,
эй ҷони писар!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail