МЕРОСИ ПАДАР

Гирифторам чунон дар қабзаи сахтӣ,
(Агар ҷамъ оварӣ имрӯз дар як ҷо
Ҳама бадбахти оламро
Ту аз мисоқ то ҳоло,
Надида мисли як тоҷик сарсахтиву бадбахтӣ)
Ки менолам, худовандо,
Балогиро, балобандо,
Чаро ин мулки мардистон
Шуда имрӯз маргистон?
Ба қасди куштани ман кист Азроил?
Барои қатли ман худ кист як қотил?
Ва ё як дашнаи ҷоҳил?
Садо меояд аз Арши муъалло:
Намедонӣ?
Бипурс аз мардуми ғофил…
Бародарро бародар мекушад? –
Ойини меросист.
Сиришти бандаи осист.
Намедонӣ?
Фаротар рав, фурӯтар рав,
Бипурс аз ҳазрати Одам,
Чӣ карданд он ду пураш, он ду ҷоҳил1…
Чӣ ҷурми мардуми ғофил?
Дар ин ҳарвонагаҳ чун зиндаӣ, Лоиқ?
Дар ин кушторгаҳ чун зиндаӣ, эй Дил?
* * *
Гар намебудӣ ту яктои дилам,
Кай чунин маҳбуби мардум мешудам?
Гар намебудӣ ту пайдои дилам,
Бе ту ман дар зиндагӣ гум мешудам.
Гар набошӣ, хона дорад бӯи ғам,
Гар ту бошӣ, хона дорад бӯи мушк.
Гар ту бошӣ, хок гирам, зар шавад,
Гар набошӣ, зар бигирам, хоки хушк…
Гар Зарафшон аст як рӯдеву бас,
Ту яке не, сад Зарафшони манӣ.
Гар Зарафшон хушк гардад то Бухор,
Ту намехушкӣ, ту дар ҷони манӣ.
Ту гули боғи ҷавонии манӣ,
Ҷони ман бо ҷони ту омехтаст.
Ту мадори зиндагонии манӣ,
Дасти ман бар гарданат овехтаст.
Кӯдакони покзоду хандарӯ
Шукри иллаҳ, ҳамқади мову туанд.
Гар набошад сарватемон дар бисот,
Кӯдакомон сарвати мову туанд.
Дӯстон гӯянд гаҳ бо ҳазлу ҷид
Ҳамсари ту шоири олӣ шуда.
Худ ба худ мегӯӣ шояд зери лаб –
Хона пур аз шишаи холӣ шуда.
Ғайри кафшу мӯзаҳои кандагӣ,
Ғайри ҷомашӯиву дӯзандагӣ,
Ғайри мастии ману дӯғу даранг
Ту чӣ дидӣ аз ҳаёту зиндагӣ?
Баъди он шабгардию рӯи туруш
Мастии пайдарпаю шармандагӣ,
Шишаи пур гар гузорӣ рӯи миз,
Зиндагӣ пур мешавад аз зиндагӣ.
Ҳар якеро бо ҳазорон ранҷу таб
Парваридӣ ту зи тору пуди ҷон.
Дар ҷавониҳои фарзандони хеш
Ман туро ҳар лаҳза мебинам ҷавон.
Ғайри бори риштаҳои зиндагӣ
Шаддаи марҷон надорад гарданат.
Ман чӣ овардам, ки бахтат шод шуд,
Ҷои он миқдор бахт оварданат?
Андар ин дунёи бемаъниву пуч
Ту чӣ дидӣ ғайри мастиҳои ман?
Эй сарат аз санг бодо, ки бапост
Зиндагии бесару бепои ман.
Кошкӣ аз ҷумла гулҳои ҳаёт
Аз гули рӯят маро гулдаста бод.
Як сари мӯ то рамақ бошад маро,
Зиндагониям ба мӯят баста бод!
Кошкӣ то лаҳзаҳои вопасин
Зиндагиям пур зи дидори ту бод.
Гар зи ту андар ҷаҳони маргбор
Пештар мирам, худо ёри ту бод!
* * *
Мо ғуломем, ғуломем, ба ном озодем,
Мо харобем, харобем, ба ном ободем.
Мо асирем, асирони низоми дигарем,
Аз яке дом раҳидему ба доми дигарем.
Мо ҳақирем, ҳақирони сияҳномаи хеш,
Ном гумкардаи шӯру шару ҳангомаи хеш.
Мо наҳифем, наҳифони маҳалбозии худ,
Мо заъифем, заъифони дағалбозии худ.
* * *
Ҷавониям –
Баҳори зиндагониям
Чу айёми гулафшони ғазал бигзашт.
Ҷавониям ба риндиҳо, ба мастиҳо,
Пур аз доғи дил аз зебопарастиҳо
Ба рӯи даст девони ғазал бигзашт.
Ҷавониям бурун аз ҳадди афсона
Фидои ҷилваи ҳусни худоёна
Ба номи неки гӯянда чу поёни ғазал бигзашт.
Чӣ гӯям беш аз ин дигар,
Агар гӯям, ки бо фарёди исёнгар
Ҷавониям чу даврони ғазал бигзашт?..
1994

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail