МЕСИТОЕМ ХАЙЁМРО

Ҷаҳоне ситоянд Хайёмро,
Ки асрори майро ба ҳикмат кушуд,
Натарсида, риндона мезад қадам,
Ба дунёву дин эътиқодаш набуд.
Писандид дар чизи хуби ҷаҳон,
Ҷаҳоне ба шеъраш гулоро намуд.
Вале ман аз он мепарастам, ки ӯ
Дилаш ҳар чи фармуд, онро суруд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close