Мо зи асли хештан азбакси дур афтодаем

Мо зи асли хештан азбакси дур афтодаем,
Раста аз гӯре, дигарбора ба гӯр афтодаем.
Рӯихотирбиниву меҳмоннавозимон чӣ дод?
Дода бас нону намак, бо бахти шӯр афтодаем.
Кӯрботин шамъи роҳу кӯрдил машъал ба даст,
Ё ба рӯи ин замин мо ҷумла кӯр афтодаем?
Рустамони хешро куштем бо дастони хеш,
Оқибат дар чанги муште муштзӯр афтодаем.
Пешвомон буд азбас пешипоуфтодае,
Мо ҳам андар чола бефахру ғурур афтодаем.
Мурдаҳомон зери қабру зиндаҳомон зери ҷабр,
Ё магар ҳампаҳлуи аҳли қубур афтодаем?
Осмоно, хориям меояд, эй дод, аз чӣ рӯ
Нотавону ноҷавону ноҷасур афтодаем?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close