МО ЗАФАР КАРДЕМ

Мужда, эй дӯстон!
Муборак бод!
Шод бошед!
Мо зафар кардем!
Мутрибони диёри озодӣ,
Бинавозед, мо зафар кардем.
Ҳофизони суруди озодӣ,
Бисароед, мо зафар кардем.
Некбахтон, ба пешвози ёр
Бибароед, мо зафар кардем.
Ғарб равшан зи нури байрақи мост,
Ҳамчу хуршед, мо зафар кардем.
Душмани беҳаёву беномус
Маҳв гардид, мо зафар кардем.
Кӯҳи ғам буд душмани ғаддор,
Кӯҳ ғалтид, мо зафар кардем.
Ба шумо, доҳии муаззами мо,
Умри ҷовид! Мо зафар кардем.
Дари фатҳу зафар ба рӯи мо
Бикушоед, мо зафар кардем.
Зинда бод офтоби озодӣ!
Дӯстон ид! Мо зафар кардем.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close