Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем

Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем,

Худ ғалат буд, он чӣ мо пиндоштем.

То дарахти дӯстӣ кай бар диҳад?

Ҳолиё рафтему тухме коштем

Гуфтугӯ оини дарвешӣ набуд,

В-арна бо ту моҷароҳо доштем.

Шеваи чашмат фиреби ҷанг дошт,

Мо ғалат кардему сулҳ ангоштем.

Гулбуни ҳуснат на худ шуд дилфурӯз,

Мо дами ҳиммат ба ӯ бигмоштем.

Нуктаҳо рафту шикоят кас накард,

Ҷониби ҳурмат фурӯ нагзоштем.

Гуфт: «Худ додӣ ба мо дил, Ҳофизо!

Мо муҳассил бар касе нагмоштем».

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail